Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд

Интизор меравад, ки кишвардорон дар ҷамоати Ворух дидор карда бо сокинони марзии ду кишвар мулоқот мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи равон аз Исфара боздид карда бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар ин минтақа, дидору мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар ҷамоати Ворух дидор карда бо сокинони марзии ду кишвар мулоқот мекунанд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир Ворух макони баҳсҳои марзии миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон шудааст.

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. 

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад. 

Ёдрас мешавем, ки авоили моҳи июл, Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дар мулоқот бо мардуми вилояти Бодканд гуфт, ба наздикӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин кишвар боздид хоҳад кард.

Жээенбеков изҳор дошт, ки ҳатман бо ҳамтои тоҷикаш масъалаи марзро баррасӣ хоҳанд кард.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳатман марз бо Тоҷикистон аломатгузорию дақиқ хоҳад шуд, аммо барои ин бояд мардум таҳаммулпазир бошанд.

“Ба зудӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меояд ва гуфтушунидҳоро идома хоҳем дод. Мо ба ҳеч ваҷҳ масоили марзиро бе таваҷҷуҳ намегузорем”, - изҳор дошт Жээнбеков дар мулоқот бо сокинони Бодканд.  

Мазору бозорамон як аст: Жээнбеков дар Бодканд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон меояд

Раисиҷумҳури Қирғизистон афзуд, ки ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтушунидҳо барои аломатгузории марз моил мебошанд, аммо барои ин вақт ва сабр зарур аст.

Дар ин рссто Жээнбеков аз сокинони деҳоти Бодканд даъват намуд, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша бояд зарбулмасали “ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар”-ро дар хотир нигоҳ доранд.

“Бояд муносиботи дӯстона бо ҳамсояҳоро, ки асрҳо ҳамзистӣ дорем, ҳифз кунем. Мо чизе барои тақсимкунӣ надорем, бозору мазорамон як аст. Мо ҳамдинем, ки аз як ҷӯйбор об мехӯрем”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Қирғизистон.