Пас аз супориши Раҳмон: дар БМТ қарорҳо қабул карданд

Дар Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ доир гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Шӯро – вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки роҳбарони Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа гузориши масъулин вобаста ба чораҳои амалишуда дар самти пешниҳоди тадбирҳои афзалиятнок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва инчунин оид ба мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуданд.

Нигаронии Раҳмон аз муфлисшавии бонкҳо ва супориши қатъӣ ба Вазорати молия

Аъзои Шӯро оид ба масъалаҳои фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ дар таъмини суботи молиявии кишвар, инчунин вазъи низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати монетарию қурбӣ, идоракунии хавфҳои ҷойдошта дар низоми молиявӣ-бонкӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориҳо дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, ибрози назар карда, ба Шӯро пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

"Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйироти вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар самти беҳтар намудани фазои молиявии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто, барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус низоми молиявӣ-бонкӣ саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаронидани ислоҳот, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва кӯмакҳои техникӣ дар самти устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозанд.

Прокурори генералӣ, вазири молия ва вазири маориф дар назди Раҳмон гузориш доданд

Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини рушди низоми молиявӣ-бонкӣ дар самти тадбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва қурби асъор, андешидани тадбирҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ дар бахши бонкӣ қарорҳои дахлдор қабулгардида, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо вазифадор карда шуданд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10 майи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо  аз коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва муфлисшавии чор бонки кишвар изҳори нигаронӣ карда, ба Вазорати молия барои татбиқи технологияи рақамӣ дар ду соли минбаъда, супоришҳои қатъӣ дода буд.

Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри  коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 таъсис дода шудааст.