27 ҳазор арзу муроҷиат ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумат

Идрисзода ҳамчунин  иттилоъ дод, ки дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тибқи ҳисоботи  оморӣ, дар шаш моҳи соли 2019 ба дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои  сохтории он дар маҳалҳо  26 ҳазору 538 мавод, арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомот ворид гардидаанд.

Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ  дар ин давра  иҷрои воқеии  19678  ё  58%  ҳуҷҷатҳои иҷро  таъмин гардидааст.

Идрисзода гуфт, маблағи зарари “Умед – 88” ба “Роғун”-ро мерӯёнанд

Ҳамзамон рӯёниш  дар самти барқарор намудани маблағҳои зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат ба маблағи 16 180 541. 52 сомонӣ таъмин гардид. Ин матлабро имрӯз сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур баён дошт.

Идрисзода ҳамчунин  иттилоъ дод, ки дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст.

Айни замон ба ин  феҳрист 1125 нафар шахсони воқеӣ ва 52 нафар шахсони ҳуқуқӣ  ворид карда шудаанд.

Дар нишаст таъкид гардид, ки  Хадамот бо мақсади беҳтар намудани фаъолият   дар самти истеҳсолоти иҷро тасмим гирифтааст, ки  аз таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо истифода  барад.

Хотиррасон мешавем, ки  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   21 июли соли 2018 таъсис ёфта, воҳидҳои кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштанд. Тобеияти судиҷрочиён ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аввали моҳи июли соли равон расман хотима ёфт.