Қазоқистон ба Узбакистон нерӯи барқ медиҳад

Узбакистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли равон наздики 1 миллиард киловат соат нерӯи барқ дарёфт мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ҷумҳурии Узбакистон барои дарёфти нерӯи барқ аз Қазоқистон, бо ҳукумати он кишвар созишнома имзо намудааст.

Сабаби қиммат шудани арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон маълум шуд

Бар тибқи созишномаи ҳосилшуда, давоми соли равон Узбакистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон наздики 1 миллиард киловат соат нерӯи барқ дарёфт мекунад.

Бар хабари вазорати энергетикаи Қазоқистон, интиқоли нерӯи барқ ба Ҷумҳурии Узбакистон аллакай шурӯъ шуда, аз охири моҳи июн то 17 июл ба Узбакистон 145 миллион киловат соат барқ ворид шудааст.

Гуфта мешавад, бар асоси шартнома, дар сурати сар задани ҳолатҳои пешбининашуда, Қазоқистон ҳақ дорад, интиқоли барқро ба Узбакистон маҳдуд ё қатъ кунад.

Аҳмадзода: дар Роғун ҳеҷ садамае рух надода буд, танҳо полоиш зиёдтар шуд

Зимнан зикр мегардад, ки талаботи Узбакистон ба барқ 69 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.

Ба таҳлили коршиносон, то соли 2030 талаботи Узбакистон ба нерӯи барқ ба 117 милиард киловат соат мерасад.

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон

Мақомоти Узбакистон тасмим доранд, бо сохтани нерӯгоҳи атомӣ мушкили норасоии барқро ҳал кунанд.