ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гармии ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 41-43 дараҷа мерасад. Дар ин бора Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад .
Ба иттилои Маркази ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.