Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд

Ардашер Қодирӣ сафири навтаъини Тоҷикистон дар Малайзия нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маросими супоридани нусхаи эътимоднома, дирӯз 18-уми июл баргузор шуд.

Зубайдзода ба муовини вазири хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома дод

Ардашер Қодирӣ моҳи апрели соли равон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба симмати сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Малайзия баргузида шуд.

Қаблан сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия, Музаффар Муҳаммадӣ буд, ки ахиран  аз ҷониби Эмомали Раҳмон роҳбари давлат бинобар ба вазифаи дигар гузаштан аз мақоми сафир дар ин кишвар озод гардид.

Ба иттилои манбаъ, пас аз маросими супоридани эътимоднома, Шоҳи Малайзия ба Ардашер Қодирӣ сафири Тоҷикистон барои иҷрои вазифаи масъулиятноки дипломатияш муваффақият орзу намуд.

Тоҷикиро омӯхт: таъини сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

Шоҳи Малайзия зикр намуд, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои кофӣ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд.  

Мансаби нав: сафири ҶТ дар Эрон эътимодномаашро ба Дабири кулли СҲИ супорид
Ӯ изҳори умед намуд, ки таъйини Сафири ба ин раванд такони нав мебахшад.

Инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.