ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазъи саломатии Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, президенти собиқи Узбакистон дар зиндони Зангиота якбора бад шуда ва мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба бемористон интиқол додааст.
Дар ин бора Грегуар Манҷа, ҳомии шведсариягии Гулнора Каримова дар саҳифаи худ дар Twitter хабар дод.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди интизории шашсоата мақомоти зиндони Зангиота ба вай иҷозаи мулоқот бо зерҳимояашро надодаанд.
Зимнан, мақомоти зиндон ба ин иддаои ҳомии ҳуқуқ то ҳол посухе надодаанд.
Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015 ба тамаъҷӯйӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуда, дар моҳи декабри соли 2017 ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуд.
Юлдуз Гулнора Каримоваро дузд гуфт: 1 миллиарди мардум дар хориҷа
Ӯ аввал дар ҳабси хонагӣ басар бурда, баъдан барои вайрон кардани муқаррароти ин навъи ҳабс ба зиндони Зангиота интиқол шуд.
Додситонии кулли Узбакистон хабари худкушии Гулнора Каримоваро рад кард
Зимнан, дар моҳи ҷорӣ духтараш Имон Каримова зимни як нома аз Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дархост кардааст, ба далели бад будани вазъти саломатии модараш ӯро аз зиндон озод кунад.