Бонки миллӣ арзиши доллар, рубл ва евроро барои имрӯз эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар барои 19 июл, муқаррар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1498  то 0.1520 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз аз  9.4397  то 9.4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст, аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар ғайриимкон мебошад ва қурби аслӣ хеле болотар аз он мебошад.

Маҷбурӣ не, ихтиёрӣ: “Суғдиён” ба тоҷирон нуқтаҳои савдои ройгон пешниҳод мекунанд

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 10. 5885 то  10.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 1 доллари ИМА — 9.4397  сомонӣ, 1 евро – 10.5885 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1498 сомониро ташкил медиҳад.

Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.