Фарҳод Комилзода: воридоти гӯшти мурғ ба кишвар кам шуд, эҳтимол дорад нарх боло равад

Фарҳод Комилзода раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон зинмни нишасти матбуотӣ эълом кард, ки ҷумҳури воридоти гӯшти мурғро коҳиш додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik.  Фарҳод Комилзода раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, гуфт дар шаш моҳи соли равон воридоти гӯшти мурғ ба Тоҷикистон  кам шуда, 15 ҳазор тоннаро ташкил додааст.  

Коршинос: Русия ҳам метавонад ба Тоҷикистон гӯшти мурғ содир кунад

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Комилзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои вай, сабаби кам ворид шудани гӯшти мурғ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ фабрикаҳои мурғпарварӣ зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолнамудаашон  босифат  ва ба талаботи имрӯза  ҷавобгӯй мебошад.

Ҳамчунин Фарҳод Комилзода  дар мавриди сифати  гӯшти мурғи воридшаванда иброз дошт, ки  ҳоло  гӯшти мурғ бештар аз Амрико ворид мешавад. Нархаш  низ нисбатан арзонтар аст.

Вай таъкид кард, ки шурӯъ  аз моҳи майи соли равон воридоти ин навъ маҳсулот кам карда шуд  ва шояд нархаш низ боло равад.

Гумрук: Абдуфаттоҳ Ғоиб кадри хуб буд, аммо гӯшти мурғ...

“Имсол нисбат ба соли гузашта гӯшти лаҳми  мурғ зиёдтар шудааст, зеро ҳоло талабот  ба он бештар аст.  Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 1 январи соли гузашта сар карда,  ҳар як килограмм гӯште, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз тарафи мутахассисон дар ташхисгоҳ санҷида мешавад. Дар сурати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй будан  сипас ба  он иҷозати воридот дода мешавад”,- гуфт Фарҳод Комилзода.

Бино бар омори расмӣ дар соли 2017 ба Тоҷикистон 51 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шуда, соли 2018 он ба 28 ҳазор тонна расонида шуд.