Бозсозии шаҳр идома дорад: кӯчаҳои Рӯдакӣ, С.Айнӣ, Аҳмади Дониш, Карамов дигаргун мешаванд

Бозсозӣ тибқи нақшаи генералӣ шаҳри Душанбе дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, С.Айнӣ, Аҳмади Дониш, Карамов ва яқ қатор кӯчаҳои асосии шаҳри Душанбе идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Шодимурод Аловиддинов, муовини сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, як чанд нақша аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст ва имрӯз мавриди амал қарор доранд.

Зебо ва мудерн: Душанбеи ояндаро дар аксҳо бубинед

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир сохтмону бозсозӣ дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе аз ҷумла хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Садриддин Айнӣ, Аҳмади  Дониш, Карамов ва як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо суръат идома дорад.

“Чи тавре медонед соли гузашита дар вохурӣ бо масъулини шаҳри Душанбе ва соҳибкорон барои бунёди як қатор биноҳои баландошёна дар кӯчаи С. Айнӣ супоришҳо мушахас дода шуданд ва имрӯз дар ин кӯча сохтмони биноҳои балангдошёна, иншоотҳои иҷтимоӣ аз ҷумла мактаб, колеҷҳову муассисаҳои то мактаби оғоз гардида ва корҳо идома доранд”, - гуфт Шодимурод Аловиддинов.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ: нақшаҳои аслии 55 шаҳру шаҳрак тасвиб шудаанд

Инчунин вай таъкид дошт, ки ғайр аз ин тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таҳияи нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мувофқ ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ таҳия гашта, дар шӯрои сарраёсати меъмори шаҳрсозӣ, кумитаи меъморӣ ва сохтмон барраси гардида барои коркард ба мақомоти шаҳр соҳибкорону фармоишгарон пешниҳод гардидааст.

Масъулини шаҳр ҳамчунин илова карданд, ки дар доираи нақша барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳр корҳо идома доранд.

Президент гуфт, ҳудуди Душанбе аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ 8 ҳазор гектар васеъ мешавад

Вай афзуд, ҳамасола бо супориши ҳукумати Тоҷикистон, фармоиши ҳукумати кишвар ва қарори раиси шаҳри Душанбе бунёди майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, истироҳати калонсолон, гулгашту боғҳо идома дорад.

Пул даст ба даст, мардум саргардон: шаҳрдорӣ хостори тағйирот дар хонахарию хонасозиҳо шуд

Ба иттилои Шодимурод Аловиддинов, дар давоми се сол дар шаҳри Душанбе зиёда аз 200 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Вай инчунин гуфт, имрӯз зиёда аз сохтмони 52 майдончаи варзиши ва 7 боғу гулгаштҳои шаҳр идома дорад.