ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки 17- уми июли соли равон ронанда, сокини 31- солаи деҳаи Сижди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо автомашинаи "ГАЗ-53" зер намудаст.
Дар натиҷа пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Бар хабари манбаъ, рӯзи 17- уми июл, тахминан соати 20:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ-53", Содатшоев Хусравшои 51- сола, сокини деҳаи Ғорҷини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шуғнон ба самти ноҳияи Мурғоб, дар километри 705-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма, ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс", Алимов Фаррухи 31- сола, сокини деҳаи Сиждро, ки дар тарафи рости шоҳроҳ истода буд, пахш намудааст.
ВУД: дар ду садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофир ҷон доданд
ВУД афзуд, ки дар натиҷа, Алимов Фаррух ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.