Хисороти молии "Манзили дастрас" рекордӣ шуд

Корхонаи воҳиди давлатии "Манзили дастрас" дар сархати корхонаҳое қарор гирифтааст, ки ба давлат аз ҳама зиёд хисороти молӣ расондаанд. Зиёни молии ин корхона ба давлат муодили 41,1 миллион сомонӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, миёни ҳамаи корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, аз ҳама беш корхонаи "Манзили дастрас" ба давлат зиёни молӣ овардааст.

Манзилҳо ва худравҳои мудири "Манзили дастрас" мусодира шуданд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ  намояндагони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар як қатор корхонаю идораҳои давлатӣ санҷиши аудиторӣ гузаронда, беш аз 88 миллион сомонӣ зиёни молӣ ошкор кардаанд.

Гуфта мешавад корхонаи воҳиди давлатии "Манзили дастрас" дар феҳрасти корхонаҳои хисороти молӣ расонида, пешсаф буда, маблағи умумии хисороти молии ин корхона ба 41,1 миллион сомонӣ баробар аст.

Манзилҳо ва худравҳои мудири "Манзили дастрас" мусодира шуданд

Ба таъкиди Палатаи ҳисоби кишвар, дар натиҷаи андешидани тадбирҳо зиёни молӣ дар ҳаҷми 41,1 миллион сомонӣ дар буҷа ва муассисаҳо барқарор шуд.

Баъди даъвои Рустам Эмомалӣ: ВУД аз боздошти мудири "Сохтмони манзили дастрас" хабар дод

Зимнан Палатаи мазкур аз фаъолияти Бонки милли Тоҷикистон ва БДА "Амонатбонк" низ интиқод намуда, афзуд, ки аснои санҷиш дар корхонаи мазкур дар ҳаҷми 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор гардид, ки аз ин миён 7,6 милион сомонӣ барқарор шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Додситони кулли Тоҷикистон аз боздошти мудири корхонаи "Манзили дастрас" хабар дода афзуд, ки Нуруллоҳ Наъимов бо  муовинонаш ба иттиҳоми исрофкорию аз худ кардани маблағ дар боздошт ба сар мебарад ва дар ояндаи наздик муҳокимаи додгоҳияшон  оғоз хоҳад шуд.

Аз боздоштшудаҳо молу дороиҳояшон бо арзиши наздики 2 миллион доллар  мусодира карда шуд.