ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шикоят бурдааст,ки шавҳараш дар зиндон шиканҷа шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, дар давоми шаш моҳи соли равон ба дафтари марказии ваколатдори ҳуқуқи инсон 4 шикоят дар хусуси шиканҷаи эҳтимолӣ ворид гардидааст, ки яке аз ин шикоятҳо аз Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит будааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, мо дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва вакили мудофеа ба муассисаҳои ислоҳӣ рафта, ҳолатҳои мазкурро таҳти санҷиш қарор додем.
“Мо ба муассисаҳои ислоҳи рафта дидем, албатта бисёри ҳолатҳо тасдиқи худро наёфтанд”, - гуфт Бобозода.
Дар ҳамин ҳол, Умед Бобозода таъкид намуд, нисбати се ҳолати дигар ҳомиии ҳуқуқ ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намудааст.
Вай зикр намуд, Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, шикоят кардааст, ки нисбати шавҳараш, ки дар муассисаи ислоҳӣ қарор дорад, шиканҷа истифода шудааст.
“Муроҷиати мазкур аз ҷониби ваколатдори ҳуқуқи инсон қабул шуд ва ба прокуратураи генералӣ пешниҳо шуд ва ҳоло ҳолати мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад”,- қайд намуд ҳомии ҳуқуқи инсон.
Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ҳамроҳи 13 тан аз аъзои раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб бо ҷурми терроризм ва даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ боздошт ва баъдан барои як умр равонаи зиндон шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Юсуф Раҳмон, Додситони Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди тақозои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, Зайд Саидов ва Маҳмадалии Ҳаит аз зиндон озод нахоҳанд шуд.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон ва Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ҷиноятҳои вазнин содир карда ва дар доираи қонунҳои кишвар муҷозот шудаанд.
Додситонии кулл: алайҳи Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст
Вай таъкид кард, аз ин лиҳоз ин ду нафар ба ҳеч ваҷҳ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод намешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар охири моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кули кишвар ҲНИТ-ро ҳизби экстреместию террористӣ дониста, фаъолияти онро дар ҷумҳурӣ манъ кард. Суҳбатҳо дар мавриди маҳбусони сиёсӣ дар ҳолеянд, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки дар қонунгузории кишвар чунин истиллоҳ вуҷуд надорад ва афроде, ки аз онҳо маҳбуси сиёсӣ ном бурда мешавад, барои ҷиноёти мушаххас дар доираи Кодекси ҷиноии кишвар маҳкум шудаанд.