Дар Хатлон 27 дарсади аҳолӣ камбизоат будааст

Мақомоти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди оилаҳои камбизоат дар вилоят ба 27 дарсад расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.  Қурбоншо Ҳакимов,  сарраёсати омори вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки тибқи ҳисоботҳои оморӣ, дар вилояти Хатлон 3 миллиону 305 ҳазору 789 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд.

Вазорати тандурустӣ ба беш аз 82 ҳазор оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ додааст

Вай таъкид намудааст, ки аз ин омори дар боло зикршуда, 27 дарсадаш ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустӣ: ба оилаҳои камбизоат 30 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд

Сарраёсати омори вилояти Хатлон Қурбоншо Ҳакимов зикр кард, ки  дар шаш моҳи соли равон шумораи аҳолии вилояти Хатлон 771 ҳазору 57 нафар зиёд шудааст.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар рафти иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 шахси масъул барои нодуруст ва сари вақт пешниҳод накардани маълумоти оморӣ ба маблағи беш аз 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Сад сомонӣ ба ҳар аъзои оила: ёрии ҳукумат ба хонаводаҳои камбизоат

Қурбоншо Ҳакимов илова кард, ки тамоми ҳисоботи оморӣ бояд зина ба зина ба таври электронӣ омода карда шавад.