Бистарӣ шудани мизоҷони қурутобхонаи маъруфи Душанбе ва ҳушдори табибон

Гуруҳе аз мизоҷони ошхонаи маъруф дар шаҳри Душанбе баъди истеъмоли қурутоб мубталои дилбеҳузурию қайкунӣ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Мақомоти санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ба дари ошхонаи “Шому саҳар” дар пойтахт муҳр задаанд. Ин дар ҳолест, ки 15-уми июли соли равон вазъи саломатии гуруҳи мизоҷони ин ошхона дар пайи истеъмоли қурутоб бад шуда, ба беморхона афтидаанд, хабар дод радиои “Тоҷикистон”.

Пешниҳод ба Ҳукумат: 2019 соли чӣ эълон шавад?

Муҳиддин Гулаев, сардори шуъбаи гигиенаи раёсати санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе зимни суҳбат дар барномаи “Сухани рӯз”-и радиои мазкур муҳрбандии дари ошхонаи “Шому саҳар”-ро дар ноҳияи Сино тасдиқ кард, аммо изҳор дошт, ки аз заҳролудшавии мизоҷон хабар надорад.

“Санҷиш кардем, ошхона ба талаботи санитарию эпидемиологӣ мутобиқ набуд, то бартараф кардани камбудиҳо маҳкам кардем”, - тавзеҳ дод Гулаев.

Масъулини ошхонаи “Шому саҳар”, ки дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ фаъолият дорад, барои шарҳи қазия дастрас набудаанд, чун бар дари коргоҳашон мақомоти санитарию эпидемиологӣ муҳр задаанд.

Сабзпарӣ Мирмуҳаммадова, табиби беморхонаи “Қарияи боло” муроҷиати 4 нафарро, ки гуфтаанд, дар пайи истеъмоли қурутоб вазъашон бад шудааст, тасдиқ карда, изҳор дошт, ки баъди ташхис се нафари онҳо бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи касалиҳои сироятии Душанбе равон карда шудаанд.

Қурутоб ғизои махсуси тоҷикон: гузориши "The New York Times"

Ҷамшед, як мизоҷи дигари қурутобхонаи “Шому саҳар” низ тасдиқ кардааст, ки дар пайи истеъмоли ғизо дар маҳаллаи 46-и пойтахт вазъи саломатияш бад шуда, баъди дилбеҳузурию қайкунӣ ӯро ба беморхонаи “Қарияи боло” бурдаанд.

Ба гузориши радиои “Тоҷикистон” бештар афроде муҳтоҷ ба кумаки табибон шудаанд, ки дар ошхонаҳои “Шому саҳар” дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ қурутоб хӯрдаанд.

Дар беморхонаи касалиҳои сироятии Душанбе изҳор доштаанд, ки феълан ҳамаи касалҳо баъди шӯстани меъда мураххас шудаанд.

“Ягон касали вазнини “пищевое отравление” набуд. Анализҳо тоза баромаданд. Меъдаро шӯста ҷавоб додем”, - изҳор доштанд дар раёсати беморхона.

Қурутоб: ғизои тезтайёр (фаст-фуд)-и тоҷикӣ

Масъулини ин беморхона дар шарҳи сабабҳои бадшавии вазъи саломатии мизоҷон гуфтанд, ин ба гармӣ рабт дорад, ки дар чунин гармӣ бояд аз истеъмоли қурутоби равғанӣ худдорӣ кард.

"Ин аломати гармиай охир. Дар гармии 40 дараҷаи тобистон одам қурутоб мехӯрад охир? Касе қурутоб қатии маскаю фатир хӯрдаст, ғизои рӯғанӣ хурдааст, вазъаш каме бад шудааст. Ҳозир ҳамаи беморон рухсат шуданд, хона рафтанд", - хабар доданд дар маъмурияти беморхонаи сироятии Душунбе.

Ин дар ҳолест, ки феълан дар Душанбе даҳҳо қурутобхона фаъолият доранд, ки ҳамарӯза ҳазорҳо мизоҷ дар ғизо истеъмол мекунад.