Обуҳавошиносон: ҳавои гарм дар Тоҷикистон боз ҳам тафсон мешавад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ҳаво дар Тоҷикистон бебориш шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 40+42 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда шабона ҳарорати ҳаво 19+21 ва рӯзона 40+42  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи равон: гармӣ аз Эрон ворид мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва   рӯзона    26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.