ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинод ба Маркази обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки оғози сеюмин даҳаи моҳи июл (аз 17 то 20 – ум) ҳаво дар кишвар гарму хушк хоҳад шуд.
Бино бар иттилои манбаъ ҳаво дар Тоҷикистон метавонад дар ин рӯзҳо то 44 дараҷа гарм шавад.
Дар ҳамин ҳол Кумита таъкид намудааст, ки ба сабаби болоравии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли об шудани барфи кӯҳҳо ва пиряхҳо ва афзудани сатҳи оби дарёҳои Вахш ва Панҷ вуҷуд дорад.
“Бахусус дар болооби дарёҳо, ки дар навбати худ метавонад сабабгори омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг шавад”, - қайд намуд манбаъ.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои наздикӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои шифобахш, чаронидани чорво, шикор ва сайругашт дар куҳҳо ҳушёр бошанд.
Инчунин, Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат намудааст, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми истироҳат дар соҳили рӯдхонаҳо, обанборҳо ва кӯлҳо риоя кунанд. Бачаҳоро беназорат нагузоранд.