Юсуф Раҳмон: Зайд Саид ва Маҳмадалӣ Ҳаит аз зиндон озод намешаванд

Додситони Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди тақозои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, Зайд Саидов ва Маҳмадалии Ҳаит аз зиндон озод нахоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони олии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон ва  Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ҷиноятҳои вазнин содир карда ва дар доираи қонунҳои кишвар муҷозот шудаанд.

Арзонтар: талоши дигар барои фурӯши собиқ корхонаи Фирташ ва наздикони Зайд Саид

Вай таъкид кард, аз ин лиҳоз ин ду нафар ба ҳеч ваҷҳ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод намешаванд.

Зимнан, дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар шаҳри Женева нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум гузориш дод.

Юсуф Раҳмон, дар ин нишасти хабарӣ, бобати Зайд Саидов, вазири собиқи саноат гуфта буд, ки додгоҳ ҳамаи гуноҳҳои ӯ, аз ҷумла, дуздии пули давлат, таҷовуз ба номус ва тақаллубкорӣ собит кард ва барои ҳамин ба зиндон маҳкум кард.

Раҳмон: маҳбусон заҳролуд шуданд, онҳоро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст

Ӯ гуфт, дар ин росто, онҳо дархости Кумитаи ҳуқуқи башар барои беэътибор кардани ҳукми Зайд Саидовро иҷро карда наметавонанд.

Додситон ҳамчунин парвандаи Маҳмадалии Ҳайит, узви раёсати Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро шарҳ дода гуфт, гуноҳҳои ӯ дар додгоҳ собит шуд ва ӯ қонунӣ ҷазо гирифтааст.

Нигаронии Убайдуллоев аз афзоиши фасодкории мақомдорон ва эродаш аз Юсуф Раҳмон

Ёдовар мешавем, ки Зайд Саидов, собиқ соҳибкор ва вазири саноати Тоҷикистон  ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст.