Муин Ғафуров варзишгари тоҷик узви созмони UFC гардид

Муин Ғафуров варзишгари тоҷик оид ба муҳорибаҳои омехта, ахиран бо созмони муҳорибавии UFC шартнома имзо намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Муин Ғафуров варзишгари ҷавону муваффақи кишвар дар бонуфузтарин муҳорибаҳои омехтаи ҷаҳонӣ, ки маъруф бо номи UFC аст, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Варзишкорони тоҷик мехоҳанд шомили UFC гарданд

Дар ин бора сомонаи "ТВ Варзиш" хабар дода афзуд, ки ахиран ба Муин Ғафуров, варзишгари тоҷик муяссар гардид, то узви ин созмони бонуфизи муҳорибавӣ шавад.

Маврид ба зикр аст, чанд сол боз овозаҳо дар бораи тасмими Муин Ғафуров ба UFC вирди забонҳо буд.

Қаблан мураббии ӯ Аҳтам Хокиров гуфта буд, ки Муин кӯшиш карда истодааст, то ки ба UFC роҳ ёбад. Аммо ба лигаи беҳтарин ворид шудан кори осон нест, гуфта  буд Аҳтам Хокиров.

Варзишкор Муин Ғафуров қаҳрамони самбои размии ҷаҳон шуд

Бояд зикр намуд, Муин аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро намоядагӣ мекунад. Гуфта мешавад, баъд аз созишномаи ҳамкорӣ, Муин тамринҳоро дар ду баст субҳу шом оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин муҳорибаи Муин Ғафуров моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Даби баргузор мегардад.