Беш аз 60 соҳибкори кореягӣ барои иштирок дар форуми иқтисодӣ ба Душанбе меоянд

Фардо 16 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки нахуствазирони Тоҷикистону Корея форуми сармоягузорӣ баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар китобхона миллии Тоҷикистон рӯзи 16 июли соли равон бо иштироки нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Корея Ли Нак Ён форуми сармоягузории “Innotech Invest”  баргузор мешавад, иттилоъ додааст сомонаи investforum.tj.

Бино бар иттилои манбаъ, дар форуми мазкур иштироки беш аз 60 нафар соҳибкори кореягӣ дар назар аст.

Форуми мазкур рӯзи 16 июли соли равон дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

“Мақсад ва вазифаи Форуми мазкурро тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Кореяи Ҷанубӣ ташкил медиҳад, ки дар доираи стратегия ва ташаббусҳои - “Сиёсати нави Шимол” ва саноатикунонии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст”, - гуфт манбаъ.

Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо мутахассисони бо таҷриба ниёз доранд

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки раванди саноатикунонии Тоҷикистон мақсади чоруми Стратегияи миллиро ташкил медиҳад, ки  дар асоси Паёми Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қабул карда шудааст.

Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ва рушди устувор дар минтақа муайян гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати Sifat Innotech Invest дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки қарор аст дар форуми мазкур як чанд санади ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Корея ба имзо расад.