Амрико ВКД-ро аз садамаи нақлиётӣ дар Ванҷ хабардор кард

Ду сайёҳи хориҷӣ дар наҷоти сокини Душанбе аснои садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ванҷ мусоидат намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки санаи 13- уми июли соли равон аз Амрико ба телефони боварии вазорат, нафаре бо номи Алехандро занг зада, аз рух додани садамаи нақлиётӣ хабар дод.

Ҳамидаи 3-сола хост аз роҳ гузарад: 4 садамаи маргбор дар 2 рӯзи гузашта
 Ба изҳори шаҳрванди Амрико, 2 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба воситаи алоқаи спутникии GPRS пайваст шуда, хабар доданд, шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҳодисаи фавқулодда дучор шуда, ба кӯмак ниёз дорад ва хоҳиш намуданд, ки ба шаҳрванди корафтода ёрӣ расонида шавад.

Дар як муддати кӯтоҳ мавҷи гуфтаи алоқаи спутникии GPRS Амрико аз ноҳияи Ванҷ маълум карда шуда, ба ҷойи ҳодиса кормандони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ сафарбар гардиданд.

Садамаи маргбори "Опел-Астра" дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар: зани ҷавоне ба ҳалокат расид

Маълум карда шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ миёни деҳаҳои Ширговад ва Дуршед, наздикии дарёи Ванҷоб  ронандаи автомашинаи тамғаи "Шамси", Юнусов Файзуллои 53-сола, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст. 

Садамаи маргбор: фарзанди 7-солаи ронанда ба ҳалокат расид

Ҳолати мазкурро 2 нафар сайёҳи хориҷӣ, шаҳрвандони Голландия- Курч Крайкер ва Камир Бурчуш мушоҳида намуда, ба ронандаи автомашинаи мазкур кӯмаки аввалиндараҷа расонида, ба воситаи мавҷи спутникии GPRS ба Амрико барои кӯмак хабар додаанд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия ба сокини Душанбе кӯмак расонида, ӯро ба беморхонаи ноҳияи Ванҷ дастрас намудаанд, ки номбурда айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.

Welcome to Tajikistan: дар фурудгоҳи Душанбе барои сайёҳон гӯшаи иттилоот ифтитоҳ шуд

Роҳбарияти вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба корманди Ташкилоти вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳии Амрико  ҷаноби Алихандро ва шаҳрвандони Голландия Курч Крайкер ва Камир Бурчуш барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба ронандаи автомашинаи мазкур изҳори миннатдорӣ менамояд.