Ҷои ҳафтуми Устопириён ва шикасти се варзишгари тоҷик дар Будапешт

Комроншоҳи Устопириён дар чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ - Гран-прии Будапешт ҷои 7-умро ишғол намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Аз  12  то 14 июли соли равон  дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи Гран-прии Будапешт баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 550 нафар варзишкорон, аз ҷумла 344 мард ва 206 зан аз 82 кишвари сайёра иштирок ва  байни ҳам рақобат намуданд.

Дар ин бора шореҳи варзиш Алӣ Шариф ба АМИТ "Ховар" хабар дод.  

Тими Тоҷикистон бе зани ҷудокор ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд.

Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар рақобатҳои нахустини хеш аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.

Акмал Муродов дар вохӯрии якуми хеш дастболо шуда, дар даври дуюм аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик  Комроншоҳи Устопириён дар вазни – 90 кг дар мусобиқаи мазкур дар се рақобати  хеш бар ҳарифонаш дастболо шуд. Сипас дар даври чорум Комроншоҳи Устопириён аз  паҳлавони шинохтаи  японӣ – Мукаи Шойчиро мағлуб шуда, рақобатҳоро барои ба даст овардани нишони биринҷӣ идома дод.

Мутаассифона, паҳлавони тоҷик барои ишғоли зинаи сеюм низ аз намояндаи Гурҷистон – Бека Гвиниашвили шикаст хӯрда, аз медали биринҷии Гран-прии Будапешт маҳрум шуд.

Ҳамин тавр Комроншоҳи Устопириён дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ҷои 7-умро ишғол намуд.

Ду паҳлавон раводид нагирифтанд: тафсилоти сабқатҳои 4 варзишгари тоҷик дар Будапешт

Пештар Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки ду варзишгари дигари Тоҷикистон – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг барои иштирок дар мусобиқа номнавис шуда буданд, аммо бо иллати дарёфт накардани раводид, аз иштирок дар мусобиқа маҳрум монданд.