ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ҷазо барои додани симкорт ба шахси дигар ё ғайриқонунӣ машғул шудан ба симкортфурӯширо шарҳ дод.
Ба иттилои Атоев, агар симкортфурӯш баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба симкортфурӯшии ғайриқонунӣ даст занад, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд ва нисбаташ ҳукми зиндон, ё ҷарима аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мегардад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо феълан дар кишвар ба 55 сомонӣ баробар буда, ҷарима барои симкортфурӯшии ғайриқонунӣ аз 33 ҳазор то 44 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Муовини раиси Хадамоти алоқа инчунин таъкид кард, ки додани симкорте, ки ба номи худат сабт шудааст, ба нафари дигар мамнуъ мебошад.
Илҳомҷон Атоев инчунин шарҳ дод, ки агар симкорт барои истифода ба шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта истифода шавад, соҳиби симкорт аз 2 то 3 соли зиндон ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад. Ҳаҷми ҷаримаи соҳиби симкорт дар ин ҳолатҳо аз 44 то 82,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Масъулин таъкид намуданд, ки тағйироти дахлдор аллакай ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ ворид гардидаанду дар нашрияи расмӣ низ чоп шудаанд ва феълан мавриди амал қарор доранд.