Арзонтар: Давлат Сафар ба Суғд китобҳо бурду Азимӣ ба истиқбол баромад

“Корвони китоб”- и нашриёти “Адиб”, ки роҳбарияшро шоир Давлат Сафар ба уҳда дорад, бо 160 номгуй ва 14 ҳазор нусха китоб ба шаҳри Хуҷанд расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Зайнура Азимӣ, муовини нави раиси вилояти Суғд,  ба истиқболи “Корвони китоб” рафта,  изҳор дошт, ки кулли одамони бомаърифати олам, китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд.

Нашри китоби вакилон – Маҷидзода, Холиқзода ва Одиназода дар бораи амният

“Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки шаъшаъа бар хаёл афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад”, - гуфтааст Азимӣ.

“Корвони китоб”  и нашриёти “Адиб” қабл аз Хуҷанд, бо номгӯву шумори зиёди китоб ба маркази вилояти Хатлон рафта буд.

Аз ин тариқ китобҳои нашриёти давлатии Тоҷикистон “Адиб” бо нархи нисбатан арзон ба муассисаҳо ва сокинон дастрас хоҳад шуд. Мубтакирон инро  василаи бедор кардани завқи мутолиаи китоб ва китобдӯстдорӣ меноманд.

Коршиносон, мегӯянд ду даҳсола аст, ки ҳаваси китоб ва китобхонӣ дар кишвар хеле коҳиш ёфта, чунин  вазъ нависандаҳои маъруфро дар нашри асару ангораҳои ноб камзавқ гардонидааст.