Бисёр мегардад: интиқоди вакилон аз вазир Қаюмӣ баъди бозгашташ аз Тоҷикистон

Вакилони парлумони Афғонистон аз сафарҳои зиёди Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молия ва сармушовири раисиҷумҳури Афғонистон, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе қарор дошт, интиқод намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Гуруҳи вакилони парлумон аз Қаюмӣ барои он интиқод кардаанд, ки ба ҷои машғул шудан ба корҳои бевоситааш, ба фаъолияти сиёсӣ банд асту зиёд овораи сафарҳои хориҷист.

Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд

Райҳона Озод, намояндаи мардумӣ аз Дайкундӣ мегӯяд, борҳост, ки мехоҳад пеши вазири молия барои баррасии бозсозии фурудгоҳи Дайкундӣ биравад, аммо наметавонад ӯро пайдо кунад.  

Расонаи “Тулуъ” иттилоъ додааст, ки танҳо давоми моҳи охир Қаюмӣ 10 сафари хориҷӣ доштааст ва аз ҷумла Тоҷикистонро низ зикр кардааст, ки Қаюмӣ ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ дар он ҷо қарор дошт.

Қаюмӣ дар баробари мақоми вазири молия ва сармушовир инчунин мақоми мушовири махсуси раисиҷумҳур дар умури Осиёи Марказиро дорад, навиштааст “Тулуъ”. Манобеъ аз дастгоҳи раиси иҷроияи Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ изҳор доштаанд, ки аз оғози соли нав Қаюмӣ танҳо дар як ҷаласаи Шӯрои вазирон иштирок кардааст. Ӯ аз ҷумлаи афроди мавриди эътимоди Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон арзёбӣ мешавад.

Аз иқтисод то мубориза бо терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ

Аммо Вазорати молияи Афғонистон изҳор доштааст, ки сафарҳои хориҷии Қаюмӣ дар доираи рисолатҳои давлатияш сурат гирифта, бо раисиҷумҳур ҳамоҳанг мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон ҳайати мақомдорони баландпояи Афғонистон аввали моҳи равон таҳти роҳбарии Қаюмӣ барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе қарор дошт.

Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи дурӯза вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ карда буд.