ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба нақл аз Парс тудэй, Ғозибек Милибоев шаҳрванди қирғизистоние,ки аз чанде пеш нопадид шуда буд бинобар иддаъои мақомоти Қирғизистон дар боздоштгоҳи Хуҷанд пайдо шудааст.
Гуфта мешавад мақомоти амниятии Тоҷикистон Ғозибек ро ба иттиҳоми қочоқи танбоку боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи Муҳаббат Темурбоева модари Ғизибек, Ӯ барои дарёфти пули танбокуи муомилашуда бо шарикони тоҷикаш роҳии Тоҷикистон шуд вале дигар аз Ӯ хабаре ба даст наомад.
Ба навиштаи манбаъ, дар паи эътирози сокинони рӯстои Достук дар наздикии марзи Тоҷикистон ба нопадид шудани Ғозибек Милибоев, мақомоти марбут дар Қирғизистон дар ҷустуҷӯи ин шаҳрванди қирғизистонӣ баромаданд ва саранҷом Ӯро дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ёфтанд.
Дар ҳоле,ки мақомоти Тоҷикистон ҳануз дар ин бора изҳори назар накардаанд, мақомоти Қирғизистон мегуянд,ки парвандаи Милибоев дар додситонии Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст.
Мушахас набудани ҳудуди дақиқи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва рафту омади атбоъи ду кишвар дар ин минтақаи марзӣ солҳои ахир ҳамвора мушкилотеро дар робитаҳои дуҷониба эҷод кардааст.