Мошини қудратиҳо ба садамаи мудҳиш дучор шуд: дар кӯчаи собиқ Душанбе

Дар ҷои ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ ва кормандони мақомоти қудратӣ қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Имрӯз, 13 июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кормандони мақомоти қудратӣ ба садама дучор шуданд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба шабакаи "Короче" хабар медиҳад.

Навори садамаи мудҳиш дар шабакаи Telegram-"Короче" нашр шудааст.

Ба гуфти шоҳидон садама тақрибан соати 11:00 дар буриши кӯчаҳои Ахунбоев ва Токтоналиев  (кӯчаи собиқ Душанбинская) ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин садама эҳтимолан кормандони милитсия захмӣ шудаанд.

"Дар он ҷо як мошини милитсия, ки пачақ шудааст, истодааст. Вале ғайр аз мошин дигар чизе намуддор нест. Чун дар назди мошини милитсия, худрави ёрии таъҷилӣ ва чанде аз қудратиҳо истодаанд. Эҳтимолан касе ҷароҳатдор шудааст", - нақл кард шоҳид.

Даргузашти ҷавоне, ки дар таркиши "Тойота"-и мусофирбари Душанбе–Помир ҷароҳатдор шуд

Садамаи маргбори "Опел-Астра" дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар: зани ҷавоне ба ҳалокат расид

Дар Маркази ёрии таъҷилӣ хабар доданд, ки ба онҳо соати 10:32 занг заданд, вале аз тафсилоти садама дигар хабар надоранд.

Хамкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар натиҷаи садама дар Маскав ба ҳалокат расид

Бозрасии давлатии автомобилии Қирғизистон ин садамаро шарҳ надодааст.