Дар рӯзи сафари кории Президент ба Данғара, ҳарорати ҳаво дар Хатлон ба 43 дараҷа мерасад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз пешгӯӣ кардааст, ки ҳавои гарм шуда, ҳарорат дар вилояти Хатлон ба 38+43 дараҷа мерасад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе бебориш  мешавад. Шабона 19+21 ва  рӯзона 39+41  дараҷа гарм мешавад.

Раҳмон ба Данғара рафту дар деҳоти Себистон мактаб ифтитоҳ кард

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24  ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    25+30 дараҷа гарм мешавад.