Баҳои баланди Раҳмон ба Давлатов, ки ҳаҷ нарафту маркази хизматрасонӣ сохт

Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии маркази хизматрасонӣ, ки аз ҷониби Давлатов ва фарзандонаш бунёд шудааст, баҳои баланд дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ ба Данғара, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Талхоби деҳоти Оқсу Маркази омӯзишӣ — хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Маркази омӯзишӣ-хизматрасонӣ дуошёна буда, дар ошёнаи якум нуқтаҳои савдо ҷойгир шудаанд.

Раҳмон ба Данғара рафту дар деҳоти Себистон мактаб ифтитоҳ кард

Зимни боздид аз маркази хизматрасонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.

"Иншооти нав аз тарафи истиқоматкунандаи деҳаи Талхоб Хайриддин Давлатов ва фарзандони ободкори ин марди накӯ сохта шудааст. Хайриддин Давлатов аз ҳисоби маблағи барои ҳаҷ ҷамъ кардаи худ якҷоя бо фарзандон барои сохтани чунин маркази хизматрасонии бисёрсоҳа дар деҳаи худ иқдом пеш гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар ошёнаи якуми Маркази омӯзишӣ-хизматрасонӣ нуқтаҳои савдои масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрокӣ, ашёи рӯзгор ва ангишт ҷойгир карда шудаанд.

"Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат изҳор доштанд, ки ташаббуси ин сокини ободкор ва меҳнатдӯсти деҳа қобили дастгирӣ буда, ба истифода додани чунин як маркази хизматрасонӣ имконият фароҳам меорад, ки истиқоматкунандагони деҳаи Талхоб ашёи зарурии худро бе харҷи зиёд харидорӣ намоянд ва бо ҷойи кор таъмин гарданд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки зимни корҳои сохтмонӣ 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шуда, он имрӯз бо сифати баланд ба тифода супурда шуд.

Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳу беморхона ифтитоҳ кард, ки соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карданд

Тибқи лоиҳа, Маркази омӯзишӣ-хизматрасонӣ дорои ҳаммоми замонавӣ бо тамоми шароит мебошад.

Дар ошёнаи дуюми Маркази омӯзишӣ-хизматрасонии “Нури хирад” меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ, ҳуҷраи ороиши рӯю мӯйи занона, сартарошхона ва кошонаи ҳусн мавҷуд аст, ки то имрӯз дар ин деҳаи дурдаст чунин шароит муҳайё набуд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ барои омӯзиш ва дӯхти либоси бачагона, мактабӣ ва ғайра 12 дастгоҳи нави дӯзандагӣ оварда шудааст. Занону духтарон аз ба истифода додани Маркази нав, ки дар он барои омӯзиши касби дӯзандагӣ ва ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ шароити арзанда муҳайё карда шудааст, изҳори хушнудӣ менамоянд.

Инчунин дар дохили иншоот барои ба роҳ мондани забономӯзӣ синфхонаи махсуси таълимӣ ҷой дода шудааст. Дар синфхонаи таълимӣ ба ҷавонон забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзонида мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон бунёди Маркази омӯзишӣ — хизматрасониро дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда барои сокинони деҳа маънидод карданд.

Дар маҷмуъ дар Маркази омӯзишӣ-хизматрасонӣ қариб 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.