Вазири тоҷик бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ иқтисоди рақамиро баррасӣ кард

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Ян – Петерс Олтерс, роҳбари ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе мулоқот анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мақсад аз ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ин мубодилаи афкор пиромуни татбиқи лоиҳаи “Digital CASA Tajikistan” мебошад.

“Standard & Poor’s” баъд аз таҳлил ба Тоҷикистон баҳо медиҳад

Манбаъ тавзеҳ дод, ки “Digital CASA Tajikistan” барои рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ равона шудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳияи Барномаи навбатии миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҷалби мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ барои таҳияи онро баррасӣ кардаанд.

Инчунин Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он бо иштироки мутахассисони сатҳи байналмилалӣ таҳия намудани Барномаи миллии иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифтааст.

Вазорати рушди иқтисод афзуд, ки ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида баён доштанд.