ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш Гитанас Науседаро ба муносибати оғози фаъолияташ дар мақоми Президенти Литва самимона табрик ва муборакбодӣ намудааст.
“Мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Литва ҳавасманд монда, ба дурнамои онҳо назари некбинона дорем”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамёрии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Науседа сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти кориаш комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Литва орзу намудааст.
Науседа иқтисодчӣ мебошад, ки моҳи майи соли равон дар интихоботи раисиҷумҳури Литва бо гирифтани 65,86 дарсади овозҳо пирӯз гардид.