Ҷавоне дар талоши наҷоти дӯсташ ҷон дод: афзоиши қурбониёни шиноварӣ дар Тоҷикистон

То санаи 9-уми июли соли ҷорӣ, риштаи умри 64 нафар, ки аз гармои шадиди тобистон панаҳ бурда, зери оби кулу дарёҳои Тоҷикистон фароғат мекарданд, канда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар давраи таътили тобистон, руду кулу обанборҳо дар Тоҷикистон, аз ҷойҳои мақбулу дӯстдоштании сокинон ба вижа ҷавонон ба ҳисоб мераванд, аммо шиноварию фароғати ҷавонон дар чунин маконҳо на ҳамеша бо хушӣ поён меёбад.

Наҷот ёфтани ду ҷавон аз ғарқшавӣ дар рӯзи иди Рамазон

Ба мисли ҳодисае, ки ахиран риштаи умри ду ҷавон дар канали ноҳияи Масчоҳ канда шуд. Ҷасади ин ду нафар, ки яке сокини ҳамин ноҳия ва дигаре сокини деҳаи Андарвашти ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аст, аз об берун оварда шуда, дар рӯзи 8-уми июл ба хок супорида шудаанд.

Шоҳидони гуфтаанд, ки вақте яке аз онҳо ба қаъри оби канал фуру рафт, дуюми мехост рафиқашро наҷот диҳад, вале мутаасифона ӯ ҳам ғарқ шуд.

Ғарқ шудани 55 тан дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 9-уми июл, як рӯз баъд аз маросими хоксупории ин ду ҷавон дар ноҳияи Масчоҳ, КҲФ Тоҷикистон аз ғарқшавии 64 нафар дар вақти шиноварӣ дар кулу дарё ва обанборҳои Тоҷикистон иттилоъ дод.

Бар асоси хабари КҲФ ҳалокшудагон дар кулу обанборҳои Тоҷикистон аксаран ҷавонон мебошанд.

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

“Бар асари риоя накардани  қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафар то 16 - сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17 сола мебошанд”, омадааст, дар хабарнома.

КҲФ бо паҳни шумора ва сину соли ҳалокшудагон ба сокинону меҳмонон ҳушдор додааст, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатарии шиновариро ҷиддан риоя кунанд.

Омори нигаронкунандаи маргу мири сокинон дар кулу дарёҳо ахиран Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлонро водор намудааст, ки якҷо бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар соҳилҳо ва маконҳои тафреҳӣ корҳои назоратиро пурзур намоянд.

Дар дарёи Душанбе боз як ҷавони дигари 18- сола ғарқ шуд-навор

Намояндагони ин ниҳодҳо ба тақсими варақаҳои иттилоотӣ низ машғул шудаанд, ки аз хатароти ғарқшавӣ дар ҷойҳои манъшуда огоҳ мекарданд.

КҲФ: то 9 июли соли равон 28 ноболиғ ғарқ шудааст

Аммо тарғибот аз хатари ғарқшавӣ дар ҷойҳои манъи оббозӣ дар соҳили дарёҳо дар ҳолест, ки худи сокинон мегуянд, ба сабаби камбуди ҳавзҳои вижаи шиноварӣ дар мисоли шаҳру ноҳияҳо, бисёриҳо, аз ҷумла ҷавонон ночор рӯ ба обанбору дарёву рудҳои шухоби пурхатар мераванд. Аз сӯи дигар мушкили камбуди истироҳатгоҳҳои берун аз синфӣ ҳам ҳаст, ки ниёзи таътили тобистонаи ҳамаи хонандаҳои  мактабҳоро бароварда намесозад.

Як шаҳрванди Узбакистон ба рӯди Варзоб ғарқ шуд

Бар пояи маълумоти оморӣ имсол танҳо синфҳои 9-11-и  мактабҳои вилояти Суғдро  беш аз 75 ҳазор нафар хатм мекунанд. Аммо на ҳамаи шӯъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳои Суғд,  истироҳтгоҳҳои берун аз шаҳрии истироҳати хонандаҳоро доранд. Аз ҷумла шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, ки танҳо як истироҳатгоҳи берун аз шаҳрӣ дар ихтиёр дорад ва дар як маротиба, метавонад 150 хонадаро қабул кунад.

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд чанде пеш дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо харҷи як милион сомонӣ дар масофаи 300 метр дар соҳили чапи руди Сир, як маҷмааи фароғатию шиноварӣ ифтитоҳ кард. Ин ҳоло дуюмин шиногоҳ, баъди шиногоҳи воқеъ дар соҳили рости Сирдарё, ки соли гузашта барқарор карда шуд, мебошад.

Дар Тоҷикистон аз оғози тобистон аллакай 64 нафар ғарқ шудаст

Шиногоҳи аввалӣ дар соҳили рости дарё то замони барқарорсозиаш, солҳо боз беназорат ва ба як соҳили қимишзори Сирдарё боқӣ монда буд.

Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

Зимнан ин ду макони шиноварӣ барои сокинон сохта шудааст, аммо бо дарназардошти шумори мавҷудаи сокинони соҳили дарё кифоят намекунад.

Камбуди инчунин маконҳои муқаррар барои шиноварӣ ба ҳисоби Хуҷанд дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон мушкили аслӣ аст, ки бисёриҳо ба умеди шиноварию фароғати тобистонӣ ба соҳили дарёву кулу обанборҳо мераванд, аммо баъзеҳо на бо таасуроти неку амиқ ба назди пайвандони худ ба хона бармегарданд.