ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Нуралиев лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зикр намуданд, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайат ба Тоҷикистон ба таври ниҳоӣ муайян ва ҳамоҳанг кардани чорабиниҳои дар лоиҳаи “Digital CASA” пешбинигардида, механизми маблағгузорӣ ва тарзи татбиқи самараноки он мебошад.
“Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст мебошад. Инчунин, татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд”, - иттилоъ дод Бонки миллӣ.
Манбаъ таъкид намуд, ки татбиқи лоиҳаи номбурда ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд тараф, аз шарқ – Чин, аз ғарб Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ба ҷумҳурӣ ворид намояд, ки он боиси таъминоти устувори интернет мешавад.
Бонки миллӣ иттилоъ додааст, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи “Digital CASA” ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё - Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат, аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.
Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯмак хоҳад кард.
Ҷамолиддин Нуралиев дар баробари аҳамияти минтақавии лоиҳаи мазкур, таъкид бар он дошт, ки марҳилаи ҷалби бахши хусусӣ дар раванди амалигардонии он мушаххас карда шавад.
Нуралиев аз мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи “Digital CASA” дар Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Ташкили Маркази боиқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиётҳои рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад.
Ҳайати Бонки ҷаҳониро дар ин мулоқот намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ва сармутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши рушди рақамӣ Хуан Навас-Сабатер, Олег Петров, Михаил Бунчук ва дигарон намояндагӣ мекарданд.