ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ - "JICA", ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ, 90 адад мошинҳои ёрии таъҷилиро ирсол мекунад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Тибқи иттилои манбаъ, созишномаи грантӣ аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари Агентии Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидеки Танабе ба тасвиб расид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур 90 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз ҳастанд, ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Дар назар аст, ки ин мошинҳои ёрии тиббӣ миёни ҳамаи беморхонаҳои кишвар тақсим шаванд.
Қаноатмандии раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷопон аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани беш аз 7 лоиҳа дар қаламрави ҷумҳурӣ, наздики 550 ҳазор доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода буд.
Гуфта мешавад, маблағи ихтисосдодаи Ҷопон барои лоиҳаҳои аз қабили, таъмини оби ошомиданӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, барои хариди таҷҳизоти техникӣ барои кишоварзони вилояти Хатлон ва инчунин барои муҷаҳҳаз намудани маркази таълимӣ барои калонсолони ноҳияи Ашт равона карда мешавад.
Гузашта аз ин аз ҳисоби маблағи ҷудонамудаи Ҷопон, сохтмони чанд иншоот, аз қабили сохтмони мактаби нав дар шаҳри Турсунзода, маркази занона дар ноҳияи Тоҷикобод, беморхонаи вилоятӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ба назар гирифта шудааст.