Ситораҳои шоколадхӯрак: Путин ва дигар сиёсатмадорони ширинидӯстдор - Акс

Sputnik

Маълум нест, ки ба шоколад кай пайдо шудааст.  Аммо ин шириниро муддати зиёде дар шакли моеъ истифода мекарданд. Шоколаде, ки мо ҳоло истифода мекунем, танҳо дар асри 19 пайдо шудааст.

Истифодаи он, пас аз ихтирооти беназири олими ҳолландӣ Конрад вар Гутен маъмул гашт.

Одамон пас аз он чунон дилбастаи шоколад шуданд, ки акнун ҳамасола 11 июл ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии  шоколад таҷлил карда мешавад.

Бори аввал ин ҷашнро фаронсавиҳо дар соли 1995 таҷлил карданд.

Мувофиқи гуфтаи олимон шоколад дорои элементҳое мебошад, ки боиси истироҳат ва барқарор шудани асабҳо мешавад.

Сиёсатмадороне чун президенти Русия Владимир Путин, Амрико Доналд Трамп, роҳбари Чин Си Ҷинпин, сарвазири Олмон Ангела Меркел истеъмоли шоколадро дӯст медоранд ва инро маърази ом пинҳон накардаанд.

Аксҳои шоколадхӯрии ситораҳои сисатро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

 

1 / 14
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо ғолибони озмуни "Оилаи сол" дар Русия
2 / 14
Президенти Амрико Доналд Трамп зодрӯзашро дар ҳузури сарвазири Сингапур Ли Сянлун таҷлил мекунад
3 / 14
Моделҳои машҳур Хайди Клум, Изабел Гулар ва Каролина Куркова ҳангоми таблиғи шоколад
4 / 14
Бейонсе, ҳунарманди номӣ дар рӯзи таҷлили зодрӯзаш
5 / 14
Роҳбари Чин Си Ҷинпин ҳангоми мулоқот бо ноиби президенти Амрико шоколад мехӯрад
6 / 14
Нахуствазири Олмон Ангела Меркел низ дӯстдори шоколад аст
7 / 14
Шоҳзода Филипп ва шоҳдухт Матилда аз Белгия ҳангоми шоколадхӯрӣ дар Брюссел
8 / 14
Роҳбари Кореяи шимолӣ ва президенти Корея Мун Чжэ Ин ҳангоми хӯроки шом торт мебуранд
9 / 14

Собиқ сарвазири Италия Силвио Берлускони шоколад мехӯрад
10 / 14
Ҳунарпешаи Ҳолливуд Вупи Голдберг дар хиёбони ситораҳои Ҳолливуд торт мехӯрад
11 / 14
Вазири умури хориҷаи Ҷонпон Хирофуми Накасонэро дар Ҳолланд рӯзноманигоре бо шоколад меҳмондорӣ мекунад
12 / 14
Ҳиллорӣ Клинтон ҳангоми номзадиаш ба президентии Амрико яхмос мехӯрад
13 / 14
Ҷорҷ Буш, ҳангоми сафар ба Брюссел дар соли 2001 аз мағозаи шоколадфурӯшӣ дидан мекунад
14 / 14
Шайх Ҳамдан ибн Заид Ал-Наҳаянро духтари зебое дар Фаронса бо шоколад пешвоз мегирад