ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, то 9 июли соли равон ба асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо то 16-сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17 сола мебошанд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об кормандони Кумитаи ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар маконҳои истироҳати умумии одамон дар соҳили рӯдхонаҳо ва тафреҳгоҳҳо идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки мутаассифона, шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба тафреҳгоҳҳои ғайрирасмиву беиҷозат мераванд ва бо ин васила ҳаёти худ ва атрофиёни худро зери хатар мегузоранд.
Наҷоти духтари 19-сола аз дарёи Сир: хабар расид, ки мехоҳад худро ба дарё андозад
“Имрӯзҳо, ки дар кишвар таътили тобистана ҳукмфармост, аксари бачаҳо ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Калонсолон бояд дар ғами хурдон бошанд, масъулияти таъмини амнияти онҳо ба уҳдаи волидон ва пайвандони бузургсол аст”, - қайд намудааст манбъ.
Кумтаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бори дигар ба сокинони ва меҳмонони кишвар ҳушдор додааст, ки танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва сокинон кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Инчунин, манбаъ афзуд, ки агар сокинон шиновариро наметавонед, пас набояд ба обе, ки аз зону болост, ворид шаванд, ҳамчунин дар об бештар аз 15-20 дақиқа намонанд, зеро аз ин бештар метавонад боиси рагкашӣ шавад, аз соҳили ноошно ба об паридан қаъиян худдорӣ кунанд.
Ғарқшавии панҷ нафар дар як рӯз дар рӯдҳои Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсеа додааст, ки шинокунон аз соҳил дур нараванд, дар об ҳамдигарро доштан, аз пойи ҳамдигар қапидан, якдигарро тарсонидан ва ё тела додани шарикон ба умқи обҳо манъ аст.
Ба хусус манбаъ таъкид намудааст, дар ҳоли сархӯшӣ аз машрубот оббозӣ накунанд.