Дар Сургут шаҳрванди тоҷик барои тақаллуби ҳуҷҷат боздошт шуд

Интизор меравад дар шаҳри Сургут дар қиболи як нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҳукм содир шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар шаҳри Сургут як нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои тақаллуби ҳуҷҷат боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи Вестник Сургут.

Дарёфти шиносномаи қалбакии Тоҷикистон аз тарафи марзбонони қирғиз

Шаҳрванди Тоҷикистон, ҳанӯз соли 2015 аз қаламрави Сургути Русия барои нақзи қавонини маъмурии ин кишвар ихроҷ шуда буд.

Ба муҳоҷири тоҷик ба мӯҳлати панҷ сол баргаштан ба Русияро тибқи қонун комилан манъ карда буданд.

Аммо шаҳрванди Тоҷикистон бо тағйир додани ному насаби хеш, анҷоми ҳукми баровардаи додситонро интизор нашуда вориди Русия мешавад.

Ихроҷ, нархи гарони патенту қонунҳои нав: Чудиновских гуфт, Русия монеа насозад

Ӯро моҳи январи соли ҷорӣ барои тақаллуби ҳуҷҷат боздошт намуданд ва феълан дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Сургут қарор дорад. Гуфта мешавад то эълони ҳукми додситон муҳоҷири тоҷик дар боздошт хоҳад монд.