"Эҳтироми бузург": Путин ба рӯзноманигоре, ки таҳқираш кард, посух гуфт

Президенти Русия Владимир Путин ба рӯзноманигори гурҷӣ, ки ӯро дар рафти пахши мустақим таҳқир кард, посух гуфт. Путин изҳор дошт, ки кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбати чунин нафарон - эҳтироми бузурге мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба рӯзноманигори гурҷии телевизиони "Рустави 2", ки ӯро дар рафти пахши мустақим таҳқир кард, посух гуфт.

Президент таъкид кард, ки боз кардани парвандаи ҷиноӣ зидди Георгий Габуния маъное надорад.

"Боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати чунинҳо - эҳтироми бузурге мешавад. Бигзор корашро идома диҳад", - гуфтааст Путин.

Ғазаби Қодиров аз таҳқири Путин аз ҷониби рӯзноманигор

Раисҷумҳур афзудааст, ки намехоҳад нисбати Гурҷистон таҳрим ҷорӣ кунад.

"Ман барои эҳтиромам нисбати миллати гурҷӣ ин корро намекунам. Муҳим нест, ки кӣ чӣ гуфтааст", - таъкид доштааст вай.

Қазияи "Рустави 2"

Шоми 7 июл ровии гурҷӣ Георгий Габуния барномаи муаллифиашро дар телевизиони "Рустави 2" бо таҳқири раисҷумҳури Русия ва волидони президент оғоз кард.

Ин кори рӯзноманигор дар ҷомеаи Гурҷистон ҳангомаеро ба миён овард. Ду рӯзи ахир аст, ки дар назди телевизион тазоҳурот идома дорад ва сокинон талаб доранд, ки ин рӯзноманигор аз кор ронда шавад.

Мудири кулли телевизион Николоз Гварамия расман аз президенти Русия узрхоҳӣ намудааст.

Габунияро ба ду моҳ аз эфир пеш карданд.

Пештар роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз ин рафтори рӯзноманигори гурҷӣ сахт интиқод карда буд.