Мусоҳибаи нави Путин бо Оливер Стоун: президент гуфт, Русияву Украина наздик мешаванд

Коргардони амрикоӣ Оливер Стоун филми навашро бо номи "Дар мубориза барои Украина" рӯнамоӣ кард, ки дар омода кардани он бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мусоҳиба анҷом додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Оливер Стоун, коргардони номии амрикоӣ аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар рафти омода кардани филми наваш дар бораи Украина мусоҳиба гирифтааст, ки дар он Владимир Путин гуфтааст, наздикшавии Русияву Украина ногузир аст.

Зеленский гуфт дар ҳузури кӣ бо Путин мулоқот мекунад

Ба гуфтаи Путин, байни Русияву Украина барқарор шудани муносибатҳои наздик ногузир аст.

"Фикр мекунам, ин ногузир аст. Ба ҳар ҳол, барқарор шудани равобити дӯстона, ҳатто бештар аз дӯстона - бисёр наздик ногузир аст. Дар анҷом мо албатта ба ҳолате мерасем, ки ман гуфтам. Наздикшавӣ ногузир аст", - гуфтааст президент дар посух ба суоли Стоун.

Коргардони номии амрикоӣ Оливер Стоун чанде пеш филми наваш дар бораи Украина - "Дар мубориза барои Украина"-ро рӯнамоӣ кард.

Дар рафти банаворгирии филм Стоун бо Путин низ мусоҳиба анҷом додааст.

Дар ин филми мустанад коргардон кӯшиш кардааст, сабабҳои бӯҳрон дар Украинаро тавзеҳ диҳад.