ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Шоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии "Hero Interсontinental Cup 2019" байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки баъд аз қисми якум бо натиҷаи 0:2 мағлуб мешуданд, маҳорати олӣ нишон доданд ва ба дарвозаи Ҳиндустон 4 голи беҷавоб заданд.
Голҳои Тоҷикистонро Комрон Турсунов (дақиқаи 56), Шериддин Бобоев (58), Муҳаммадҷон Раҳимов (71) ва Шаҳром Самиев (75) заданд. Дар ин вохӯрӣ ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Муҳаммадҷон Раҳимов беҳтарин бозингари ин вохурӣ дониста шуд.
ФУТБОЛ: ҳарифони дастаҳои мунтахаби то 16-сола ва то 19-солаи Тоҷикистон муайян шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дуюм, 10 июл бо дастаи мунтахаби Сурия вориди майдон мешавад, дар даври ниҳоӣ бошад, бо дастаи ҶХД Корея вомехӯрад.
Мусобиқаи "Hero Interсontinental Cup 2019" дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки ҳар даста бо ҳам як бозӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи бозиҳои даврӣ ду дастаи беҳтарин дар финал бо ҳам вомехӯранд.
Чемпионати CAFA дар Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи "ЕКА Arena"-и шаҳри Аҳмадобод доир мегарданд.