Рамзиддин Ҷӯраев: чаро маъюбон дар Тоҷикистон ба кор таъмин намешаванд?

Таърихи 8-уми июли ҳар сол дар Тоҷикистон ба унвони рӯзи маъюбон ёд мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 150 ҳазор маъюб зиндагӣ мекунад ва камтар аз 2 дарсад, ё  ҳамагӣ 7500 нафари ин қишри ҷомеа ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Чорбоғ

Набудани роҳравҳои хос дар коргоҳу иншоотҳои Тоҷикистон аз мушкили аслии бо ҷои кор фаро гирифта нашудани маъюбон аст.

Рамзиддин Ҷӯраев, раиси иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз вазъи зиндагӣ, мушкилиҳову муваффақияти маъюбон сӯҳбат кард.

Рамзиддини  41 сола гуфт, ӯ дар овони тифлиаш, бар асари маризии фалаҷшавӣ (полиомелит) аз ҳаракати пой маҳрум мондааст. Аз он замон то ба ҳол ӯ бо ароба ҳаракат мекунад ва барои баромадан ба кӯчаву ҷодаҳои шаҳр ва ё рафтан ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ дӯсташ бо номи Соӣ Радион барояш кӯмак мекунад.

Идона: Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон 1500 сомонӣ фиристод

Рамзиддин гуфт, ки ҳоло ба ҳисоби ҳамсару кӯдакаш, Радион ҳам аъзои хонаводаи ӯ ба ҳисоб меравад ва онҳо чор нафар дар як хонаи иборат аз ду ҳуҷрагӣ дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд.

Ин хонаи онҳоро се соли пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар остонаи Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Хуҷанд барояшон тақдим карда буд.

Рамзиддин чанд сол аст, ки вазифаи раиси иттиҳодияи миллии маъюбон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба зимма гирифтааст.

Вай афзуд ҳоло дар ноҳияи Б. Ғафуров 8 ҳазор маъюб ба сар мебарад, ки ҷузъе аз шумори 41 ҳазораи маъюбони Суғд ба ҳисоб меравад.

Раиси вилояти Суғд ба ҷавонони маъюб 100 ҳазор сомонӣ ҳадя кард

Бар асоси омори расмӣ шумори маъюбон ба ҳисоби пирони барҷомонда дар Тоҷикистон 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Рамзиддин мегуяд, ташкилоти онҳо вазифадор аст, ки афроди маъюбро бо ҷои кор таъмин кунад ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз намояд.

Пардохти нафақаи маъюбон дар Тоҷикистон қатъ шуд

Ахиран дар рӯзи 5-уми июл созмони онҳо бо дасгирии ҳукумат ва кӯмаки соҳибкорону ташкилотҳои байналмиллалӣ мусобиқаи варзишӣ волейболу баскетбол ва озмуни рақсро миёни маъюбон баргузор намуд.

Дар ҳамин ҳол вай гуфт, ки ҳоло беш аз 90% и маъюбон дар Тоҷикистон ҷои кор надоранд. Набудани роҳрав барои маъюбон дар коргоҳу биноҳо ва иморату иншоотҳо сабаби аслии бо шуғл фаро гирифта нашудани маъюбон будааст.

“Аксар коргоҳҳову биноҳо ба ҷуз зинапояи назди даромадгоҳ, дигар роҳрав надоранд. Вақте, маъюбон мебинанд, ки роҳрави махсус барои онҳо дар назди коргоҳҳо вуҷуд надорад, корро рад мекунанд, зеро дар зинапоя баромадаву фаромада наметавонанд”, - таъкид намуд Ҷӯраев.

Дастури Аҳмадзода ба раисон: маъюбонро ба ғамхории моддиву маънавӣ фаро гиред

Рамзиддин гуфт, бисёре аз маъюбон таҳсил накардаад, ё ҳатто мактаби миёнаро дуруст хатм накараанд. Аз ин лиҳоз ҳоло созмони онҳо талош дорад, курсҳои кӯтоҳмуддат барои омӯхтани хондану ҳисоб карданро доир намояд, то дар оянда барои ба шуғл фаро гирифтани шуморе аз маъюбон мусоидат намояд.

Раиси иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Б. Ғафуров афзуд, ки дар муддати ду сол,  ҳудуди 70 нафар маъбони Суғд бо ҷои кор фаро гирифта шуд. Бонувони маъюб ба дӯхтани сару либос ва мардон ба сангтарошӣ машғул шуданд.  

Дар Тоҷикистон шумораи нафақагирони маъюбӣ кам шуд

Ҳукумати Тоҷикистон барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 нафақаи ҳармоҳа, ки он аз 400 сомонӣ шурӯъ мешавад таъин намуда, як қатор имтиёзҳо ба мисли ташхиси ройгони тиббӣ, пардохти 50 дарсад   маблағи масрафи обу барқ ва партовро муқаррар кардааст.

Дар Тоҷикистон маъюбии 4353 нафар қатъ карда шуд

Ҳоло гурӯҳе аз ҳисоби маъюбон дар кори бастабандии халтаҳои намаки ошӣ дар коргоҳи Хуҷанд машғул буда, як гурӯҳи дигар дар коргоҳи тавлидоти масолеҳи полиэтиленӣ машғуланд, ки самараи дастранҷи онҳо бисёр зебову ҷолибанд ва дар бозорҳо хариддорони худро дорад.

Ба гуфтаи Рамзиддин  новобаста аз ин шумори аксари маъюбон ба мисли дигар сокинони Тоҷикистон аз мушкили бекорӣ азият мекашанд.