Медалгирии куштигири тоҷик дар Гран Прии Испания

Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, куштигири ҷавону умедбахш Муҳаммад Икромов дар Гран Прии Испания дар риштаи куштии тарзи озод сазовори медали биринҷӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа 5-7 июл дар шаҳри Мадрид бо ширкати варзишгарон аз 38 давлати дунё баргузор гардид.

“Тоҷикистонро се нафар – Исломиддин Мазитов, Мубинҷон Ахмедов дар куштии юнонӣ-римӣ ва Муҳаммад Икромов дар куштии тарзи озод намояндагӣ карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита афзуд, Муҳаммад Икромов дар вазни 57 кило дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари ИМА Ҷошуа Родригес, ки ғолиби ин вазн гардид, бо ҳисоби 11:13 шикаст хӯрд.

Икромов баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари олмонӣ Виктор Лузенро бо ҳисоби 11:0 ва дар рақобат барои ҷои сеюм намояндаи Канада Лидрик Садикуро бо ҳисоби 6:0 мағлуб карда, ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд.

Кумитаи миллии олимпӣ илова кард, ки ҷои дуюми вазни 57 килоро намояндаи дигари Олмон Ҳорс Леҳр ва медали дигари биринҷиро Самуел Йегаси канадагӣ сазовор шуданд.