Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд

Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзҳои 4, 5 июл ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд.

Барои ширкат дар кори ҷаласаи Комиссия, ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молияи ин кишвар ва сармушовири президенти Афғонистон ба Душанбе омаданд.

Ҳикматуллозода ва Ҳумоюнӣ густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Ҳайати баландпояи Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Бино ба гузориши Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин нишаст аз ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр Завқибек дар шаҳри Душанбе, дар меҳонхонаи Тоҷикистон гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои иқтисодиёю тиҷоратии байни ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ ва нафту газ, соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, кумитаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, гумрук, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғурта мавриди муҳокима қарор доданд.