Даргузашти Камерон Бойс, ҳунарпешаи 20-сола

Расонаҳо аз марги ҳунарпешаи ҷавон Камерон Бойс хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ Камерон Бойс дар 20-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора нашриёти Sun бо такя ба хонаводаи марҳум хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳунарпешаи ҷавон шаби рӯзи 7 июн даргузаштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, сабаби марги ҳунарманд сакта шудааст. Камерон Бойс вақтҳои охир бемор будааст. 

Даргузашти сарояндаи ҷавон Юлия Началова

Дар бораи даргузашти ҳунарпешаи ҷавон дигар маълумоти дар даст нест.

Ҳунарпеша ва раққоси амрикоӣ Камеран Бойс 28 майи соли 1999 ба дунё омадааст. Бойс пас аз иҷрои нақш дар филми "Оина", "Ҳамсинфон" ва "Одам-тортанак" шуҳрат пайдо кард.

Ӯ дар мюзикли "Ворисон" ва силсилафилми "Ҷесси" нақш офаридааст.

Камерон ҳамроҳи модараш Либби Бойс, падарш Виктор ва хоҳари хурдиаш Майей дар Лос-Анҷелес ба сар мебурд. Ҳунарпеша ба хип-хоп, брейк-данс ва баскетбол шавқ дошт.

Ӯ нахустин бор соли 2008 дар намоҳанги гурӯҳи Panic ба суруди "That Green Gentleman" рӯи экран баромад.