Домод арӯсашро талхакаф кард - видео

Шоҳидон ҳодисаи аҷиби пешниҳоди арусиро ба навор гирифтанд
Sputnik

Дӯстони домод ҳодисаеро ба навор гирифтаанд, ки дар он домод ба арӯсаш пешниҳоди издивоҷ мекунад, на ба таври одддӣ балки бо "кашмакашиҳо".

Аз навор дида мешавад, ки мақомоти қудратӣ мошинеро, ки дар дохили он домод ва дӯстдухтараш ҳаракат мекарданд, бозмедорад.

"Милисаҳо" ба зӯрӣ домоду арӯсро аз дохили мошин берун кашида рӯяшонро ба тарафи мошин мегардонанд. 

Аввал арӯс аз домод гурехт, охир домод аз арӯс - навори рӯзи тӯй

Бо ман шӯхӣ намекунӣ: хашми корбарон аз домоде, ки арӯсро дар тӯй як торсакӣ зад

Қазияи боздошт, чун дар филмҳои амрикоӣ, духтарро талхакаф кард.

Зимни кофтуков кормандони мақомоти қудратӣ аз дохили мошин селофанеро бо хокаи сафед дарёфт мекунанд. Домод онро аз дасти милисаҳо гирифта аз дохили он ангуштаринро мебарорад.

Дар ҳамин ҳол дӯстдухтар пай мебарад, ки ҳодисаи боздошт ҳаққонӣ набуд. Дӯстони домод даррав шампанро кушода, ба аксбардории  домоду арӯс мепардозанд.

Пас аз анҷоми қазияи боздошт, духтар рафиқони домодро барои иҷрои нақш сипосгузорӣ мекунад ва кӯшишҳои домодро баланд арзёбӣ менамояд.