Аз сеҳру ҷоду то рақсу суруд : Central Asia's Got Talent дар Душанбе - акс

Садҳо нафар барои намоиши ҳунари худ ба озмуни Central Asia's Got Talent омаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Озмуни телевизонии Central Asia's Got Talent (Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи ҳунармандон), барои нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Даври интихобии озмуни Central Asia's Got Talent рӯзи 5 июн дар Душанбе, дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба кори худ оғоз кард.

Садҳо ҳунарманд, намояндагони касбу кори гуногун ва синну соли мухталиф - раққос, овозхон, доиранавоз, навозанда, ширинкор, дорбоз, сеҳркор барои машҳури ҷаҳон шудану нишон додани ҳунари худ ҷамъ шуданд.

Довталабон на танҳо аз шаҳри Душанбе балки дигар манотиқи Тоҷикистон низ ба озмун омадаанд.

Аз сеҳру ҷоду то рақсу суруд : Central Asia's Got Talent дар Душанбе - акс

Руслан Газаров яке аз дастандаркорони озмуни Central Asia's Got Talent дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки хоҳишмандон хеле зиёданд ва ҳунармандони асил низ миёни онҳо кам нест.

"Танҳо дар давоми як рӯз (рӯзи 5 июн - шарҳ аз идора), мо беш аз 200 довталабро шунидем. Ҳунармандон бисёр ҳастанд, мо аз дидани ҳунари мардуми тоҷки ба ваҷд омадем, вале ин кори моро барои интихоби беҳтаринҳо душвортар мекунад",-гуфт Руслан Газаров. 

Хуршед Мустафоев ҳунарпешаи театр ва кино, ки узви доварони даври интихобии озмун аст, мегӯяд, шод аз он аст, ки ҳунармандони тоҷик ҳам имкон доранд дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳунари худро намоиш диҳанд.

Сурайё Хонзода Тоҷикистонро дар озмуни Miss AsiaMix намояндагӣ мекунад

"Довталабон ҳунарҳои мухталиф доранд, нафаре рақс мекунад, нафаре месарояд, дигаре рассом аст. Кӯдаконе ҳастанд, ки ба хурдии худ нигоҳ накарда пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳонро номбар мекунанду духтароне ҳастанд, ки дар риштаи арифметикаи менталӣ ҳисобоб мебароранд. Мо бояд беҳтаринҳоро аз байни онҳо интихоб ва ба доварон пешкаш кунем".

Беҳтаринҳо аз чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон рӯзҳои 8-9 июл дар Қазоқистон дар даври ниҳоӣ байни ҳам рақобат хаҳанд кард.

Менечери озмуни Central Asia's Got Talent-ро Медит Баева Ардактайбековна мегӯяд ӯро дар ин озмун ҳунари як ҷавони тоҷик ки аз баданаш 400 волт қувваи ҷараён мегузаронаду 200 волташро дар дохили баданаш нигоҳ медорад, ба ваҷд овард.

"Ман гуфтам як бор дастатонро ба ман диҳед. Вақте дасташро доштам гармӣ эҳсос кардам. Вале пас аз чанде сарам ба дард даромад. Боз ба наздаш рафта шикоят кардам, ки сардард шудам. Ӯ дасташро 10 сония ба сарам гузошту дард гум шуд. Вақте гуфтам ин чӣ муъҷиза аст, посух дод, ки ӯ мардумро ҳам бо ҳамин роҳ табобат мекунад",- гуфт Медит ва илова кард, ки чунин ҳунарҳо такрорнашавандаанд.

Ҷоизаи озмуни Central Asia's Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад. Вале довталабони тоҷик дар фикри маблағ нестанду танҳо мехоҳанд машҳур шаванд ва пирӯзӣ ба даст биёранд.

Довталабон чӣ мехоҳанд

Хусрав Зиёдуллоев хонандаи синфи 10 мактаби 92 барои нишон додани ҳунари худ ба ин озмун омада мехоҳад бо истифода аз ин имкон ба кишарҳои дигар сафар кунаду ҳунари гиторнавозии худро ба ҳамагон нишон бидиҳад.

Аз сеҳру ҷоду то рақсу суруд : Central Asia's Got Talent дар Душанбе - акс

"Мехоҳам доварон ба ман бигӯянд мо туро интихоб кардем биё бо мо бирав",- изҳор дошт Хусрав.

Мирзомиддин бошад тӯли чанд сол бо рассомӣ машғул аст. Ӯ хонандаи синфи 9 мактаби 17 Душанбе буда, дар озмуни Central Asia's Got Talent ҳунари рассомии худро нишон доданист.

Мафтуна аз шаҳри Душанбе сарояндагӣ мекунад. Ӯ  аз синфи сеюм ба овозхонӣ шавқ дораду ба забонҳои русӣ ва англисӣ месарояд.

"Мехоҳам ба қуллаҳои баланд бирасам ҷойҳои намоёнро ишғол намоям",- мегӯяд Мафтуна.

Фахриддинов Умед ровии барномаҳои радиои "Овози тоҷик" ва телевизиони Сафина кор мекунад мехоҳад боз ҳунари диг ба ҳамагон намоиш бидиҳад.

"Ман бар инам, ки муҳим ширкат аст на пирӯзӣ. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад худро аз дигар ҷониб нишон бидиҳад. Ботини худро бикушояд, ки ӯ дар воқеъ кӣ ҳаст. Ман мехоҳам ҳамаи қувваамро барои хубӣ сарф кунам. Ман сароянда ҳастам ин шуғли дӯстдоштаи ман аст. Ҳамчунин ман гитор ҳам менавозам.

Илбек ҳамагӣ 5 сол дорад. Ӯ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов омадаасту мехоҳад ҳунари дуторнавозии худро ба доварон нишон диҳад.

Аз сеҳру ҷоду то рақсу суруд : Central Asia's Got Talent дар Душанбе - акс

Central Asia's Got Talent - озмуни байналмилаллиест, ки дар беш аз 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин бор ин озмуни бонуфуз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунар меҷӯяд.

Дар ин озмун ҳар нафаре, ки истеъдоди фавқуллода ё ҳунаре бартар аз дигаронро дорад, метавонад ширкат кунад. 

Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии "Хабар" (Қазоқистон), Zo’r TV (Узбакистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ "Сафина" (Тоҷикистон) намоиш дода мешавад.

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain’s Got Talent роҳандозӣ мешавад.  

Акнун сокинони Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон низ бахти худро дар ин озмун санҷида метавонанд. Сокинони ин давлатҳо сарфи назар аз синнусолу ҷинс ва шуғлу андешаҳояшон нисбати ҳаёт, дар ин озмун иштирок карда метавонанд

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мекунанд. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин - сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова - ҳунарпешаи кино, ҳофиза ва ширинкори узбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев - ҳунарпешаи тоҷик, режиссёри филми мустана, ҳунарманди театр дохил шуданд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia's Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.