Оташ маро фаро гирифт: Осия ба модараш аз бераҳмии ноболиғон шикоят кард

Як ҷарроҳиро пизишкони тоҷик анҷом доданд ва дуи дигар ҳамроҳ бо профессори олмонӣ сурат гирифт. Ҷарроҳии чаҳорум низ бо ҳузури Эдгард Бимера пизишки олмонӣ доир мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Осия алъон дар Маркази тиббии рақами №3-и шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор дошта, ба ҷарроҳии чаҳоруми худ тайёрӣ мебинад. 

Сунатулло, ки Осияи 6-соларо оташ зад дар бемористон зери назорати табибон қарор дорад
Ба изҳори пизишкони ин беморхона, вазъи саломатии ӯ аллакай мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Осияи 6-сола, ки баъди аз ҷониби ноболиғон оташ задан шадидан маҷрӯҳ шуда буд, ҳангоми дар беморхона ба ҳӯш омадан, дар бораи ҳодисаи ба вуқӯъ омада ба модараш нақл кардаст. Дар ин бора сомонаи "Авеста" аз қавли модарбузурги Осия, Фотима Зулфонова хабар медиҳад.

“Мо бисёр хурсанд ҳастем, ки вазъи Осия беҳтар шудааст. 17 рӯз мешавад, ки ҳамаи хешу пайвандонамон дар беморхона ҷамъ ҳастанд, то Осия ва модарашро дилбардорӣ кунанд ”, - иттилоъ медиҳад манбаъ аз қавли модарбузург.

Ба нақли модарбузург, ба руйи Осия осебе нарасидааст, аммо вай руҳан сахт афсурда аст ва пайваста аз модараш дар бораи дастандаркорони оташсӯзии худ пурсон мешавад.

Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс

Фотима Зулфонова мегӯяд, Осия ба модари худ нақл намудаст, вақте аз саҳни ҳавлӣ берун мешавад се бача ва сагеро мебинад. Ду бача ӯро дар назди дарахте сахт дошта саввумӣ Осияро бо ресмон ба дарахт мебандад.

Дар ин асно Осия кӯшиш намудаст то нафареро ба кумак ҷеғ занад, аммо писарон ба саги дар наздашон буда, ӯро тарсониданд ва алафи қоқро назди пойҳояш ҷамъ оварда оташ заданд.

“Ман хам шудам то гиреҳи ресмонро боз кунам, аммо шӯълаи оташ ангуштонамро сӯзонд. Баъде ки алангаи оташ то ресмон расид, ман дастҳоямро халос намудаму сӯйи хонаи амакам давидам. Аз он ҷо Оиша баромада маро дид”,- омадаст дар хабари манбаъ.

Зимнан, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббиӣ рақами №3, Тоҳир Зубайдов вазъи саломатии Осияро вазнини мӯътадил арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи ин пизишк Осия ҳамакнун се ҷарроҳиро пушти сар намуда, қарор аст рӯзҳои наздик маротибаи чаҳорум ҷарроҳӣ шавад.

"Як ҷарроҳиро пизишкони тоҷик анҷом дода ва дуи дигар ҳамроҳ бо профессори олмонӣ сурат гирифт. Ҷарроҳии чаҳорум низ бо ҳузури Эдгард Бимера пизишки олмонӣ доир мешавад", - гуфт Зубайдов.

Ҳамзамон падари Осия-Шерзод Зулфонов изҳор намудаст, ки табобати фарзанди ӯро Бунёди "Лона" пурра ба зиммаи худ гирифтаст.

“Нахуст фикре, ки баъди сар задани ин воқеа маро фаро гирифта буд, ин ба фурӯш гузоштани тамоми дороии ман ва аз пайи табобат шудани духтарам буд. Хушбахтона табобати фарзандамро Бунёди "Лона" бар ӯҳда гирифт ва ҳатто аз Русия низ маводҳои дорувории лозимаро чандин бор дарёфт кардем”, - бо миннатдорӣ изҳор намудаст Шерзод.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи мазкур санаи 19-уми июн рух дода буд. Духтурони Маркази тиббиӣ № 3-и шаҳри Душанбе Осия Зулфоноваи 6-соларо, бо ҷароҳатҳои шадид ва бадани сӯхта қабул карданд.

Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

Он замон пизишкон муайян намуданд, ки 65 дарсади бадани кӯдак сӯхта, аз ин 45 фисад сӯхтагии чуқур аст.

Ба ин ҳодиса, ҳатто раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ вокуниш нишон дода буд.

Хабари оташ задани духтараки 6-сола ба Раҳмон расид: дастури президент ба Олимзода

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намуд, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.