Ҳарбиёни Тоҷикистону Узбакистон тамрини муштарак мегузаронанд

Тамрини ҳарбӣ бо ҳузури низомиёни тоҷику узбак дар ду марҳила, нахуст дар шимоли Тоҷикистон ва сипас дар водии Фарғонаи Узбакистон доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Интизор меравад, мобайнҳои моҳи августи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар машқҳои муштараки Қувваҳои ҳарбии Тоҷикистону Узбакистон баргузор шавад, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Оғози тамринҳои низомии густурда бо иштироки ҳарбиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, тамрини ҳарбӣ дар ду қисмат, аввал дар шимоли Тоҷикистон ба сипас дар водии Фарғонаи Узбакистон доир  мегардад.

Гуфта мешавад дар марҳилаи аввал сарбозон ва афсарони тоҷику узбак, задухӯрд бо гурӯҳҳои террористиро дар шароити доманакӯҳҳо ва дар марҳилаи дуввум дар ҷойҳои ҳамвор машқ мекунанд.

Дар тамрини низомӣ аз мошинҳои зиреҳпӯш, ҳавопаймо ва артиллерия истифода бурда мешавад.

Сипосгузории Узбакистон аз Тоҷикистон барои пешсафӣ дар ҳалли мушкили глобалӣ

Ёдовар мешавем, ки сентябри соли гузашта низ дар вилояти Суғд машқҳои муштараки Тоҷикистону Узбакистон баргузор гардида буд.

Ифтитоҳи гузаргоҳи нави марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Он замон ҷойгоҳи тамрини онҳо маркази таълимии “Нурафшон” ва размоишгоҳи Чорухдайрон  интихоб шуд. Хизматчиёни ҳарбӣ нобудсозии гурӯҳҳои террористиро машқ мекарданд.