Дар боғи ҳайвоноти Маскав дурбинҳои назоратӣ лаҳзаи рӯбарӯ шудани корманди боғ бо хирси сафедро сабт карданд.
Дар навор дида мешавад, ки қафаси хирсро ду фаррош тоза мекунанд. Вақте онҳо саргарми кори худ буданд, аз паси яке аз занон ногаҳон хирс пайдо мешавад. Хирс мехост ба назди корманди боғ наздиктар равад, ӯ зоҳиран нақшаи ҳамла ба меҳмони нохондаро дошт, аммо зан ба воситаи ҷорӯб ҳайвони ваҳширо аз худ дур месозад.
Хирс каме дур меравад, аммо бори дигар кӯшиш мекунад, ки ба зан дарафтад ва боз фарош ҷӯробашро ба сӯи хирс рост мекунад.
Дар ин вақт зани дувум, ки дар назди қафаси хирс буд, ба ҳайвон қафасашро нишон дода, ишора мекунад, ки ба хонааш дарояд.
Ҳарду зан ҳам зоҳиран худро гум накарда, ҳаросашонро ба хирс нишон намедоданд, аммо вақте ки хирс каме овора мешавад, ҳарду ҳам ҷои ҳодисаро саросемавор тарк мекунанд.