Сунатулло, ки Осияи 6-соларо оташ зад дар бемористон зери назорати табибон қарор дорад

Очилдиев Сунатуллои 13-сола, ки дар оташ задани Осияи 6-сола даст дорад дар “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” бистарӣ шуда, зери назорати табибон қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Очилдиев Сунатуллои 13-сола, ки дар оташ задани духтарчаи 6-сола даст дорад дар бемористони равонии кӯдакон бистарӣ шудааст.

Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, муайян намудааст, ки ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13-сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6-сола нақши асосӣ дошааст.

Ба гуфтаи манбаъ номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки айни замон ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” бистарӣ гардидааст  ва зери назорати табибон қарор дорад.

Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки сагҳои Очилдиев Сунатулло безарар гардонида шуданд.

Дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки пештар масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намуда буд, ки гумонбарони оташ задани духтараки 6-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ бо далели наврас буданашон боздошт нашуда, аммо масъалаи ҷудо кардани онҳо аз ҷомеа ба наздикӣ ҳал мешавад.

Ёдрас мешавем, ки 19 июн, тахминан 11:30 духтараки 6-сола бо ҷароҳатҳои аз сӯхтори дараҷиаи вазнин ба беморхона дастрас карда шуд. Бо гумони даст доштан дар ин қазия се ноболиғ дастгир карда шуданд.

Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

3 наврасе, ки дар даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар мешаванд, Осияро аввал ба симтӯр баставу сипас оташ задаанд. Аммо ба иттилои расонаҳо, нисбати ин наврасон то ҳол чораҷӯие анҷом дода нашудаасту ҳамдеҳагон шикоят мекунанд, ки яке аз онҳо то ҳол бо ҳамон саги калонаш дар деҳа мегардад.

Соҳиби саг, ки Осияро бо он тарсонида буданд, Сунатулло Очилдиеви 13-сола дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор таҳсил мекардааст.

Пештар наздикони Осия  нигарон шуда буданд, ки гумонбаронро ба мақомот таслим карданду аммо онҳо раҳо шудаанд.